Таксисти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: Ҳар сафар шояд бароямон охирон бошад

Мусофиркашонӣ роҳи наҷоти муҳоҷирон аз бекорӣ. Темур Азизов наздики як сол мешавад, ки ба Русия рафта наметавонад, аз ин рӯ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба мусофиркашонӣ машғул аст.

Рӯзгори оилаҳои муҳоҷирони тоҷик пас аз баста шудани сарҳадҳо бинобар сабаби пандемияи коронавирус вазнин шуд ва аксарияти ноноварони хонадон дар кишвар ҷӯёи кори муносиб гардиданд. Темур Азизов қаҳрамони мо аз зумраи он муҳоҷироне аст, ки аз сабаби баста будани сарҳадҳо ба ҳайси ронандаи таксӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаъолият дорад. Ин қаҳрамон ба мо дар бораи азобҳои муҳоҷират ва кори ронандагӣ нақл кард.

Таксисти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: Ҳар сафар шояд бароямон охирон бошад
Ронанда ҳангоми фаровардани мусофирон дар Душанбе

Кори ронандагӣ дар роҳи пурпечутоб хеле мушкил асту маблағи фоидааш низ ночиз аст. Соли гузашта пеш аз оғози пандемия вай пас аз як соли кор дар Русия ба Тоҷикистон меояд ва баъди чанде сарҳадҳо баста мешаванд. Ҳоло Темур мехоҳад барои ба Русия рафтан ба парвозҳои мунтазам билет харидорӣ намояд, аммо ба ӯ дар нуқтаҳои билетфурӯшӣ гуфтаанд, ки аллакай чиптаҳо то охири моҳи май фурӯхта шудааст.

“Падару модари солхӯрда ва зану се писарамро як худам мехӯронаму мепӯшонам, албатта вазифаам аст, аммо дар ин вазъ барои як нафар таъмин кардани талаботи моддию майишии як хонавода хеле мушкил аст”. – ғамгинона мегӯяд, ронанда Темур.

Бачаи дур аз таҳсил, ёрдамчии бобо ва муҳоҷири бесоҳиб

Темур Азимов зодаи шаҳри Истаравшан аст ва пас аз ду соли таҳсил дар мактаб бинобар бад будани вазъи оила ва нооромиҳои кишвар, назди бобояш ба шаҳри Чимкенти Қирғизистон сафар мекунад. Ӯ то синни 23-солагӣ ҳамроҳи бобояш мемонад ва онҷо ба фурӯши мағзу мавиз ва себқоқу зардолуқоқ машғул мешавад. Пас аз хизмати ҳарбӣ дар Қушӯнҳои сарҳадӣ Темур ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравад. Муддати чанд сол дар ҷангалҳои Русия кор мекунад ва ҳудуди ду сол ҳуҷҷатҳояшро корфармоён мегиранд ва ӯ маҷбур мешавад, ки бо ҳақмузди ночиз кор кунад.

Таксисти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: Ҳар сафар шояд бароямон охирон бошад
Гули сурхи шаҳри Истаравшан истгоҳи таксиҳо

“Корфармоён бо фиребу найранг ҳуҷҷатҳои ман ва дигар шариконамро гирифтанд. Маҷбур будем бо ду танга музди медодаашон корҳои вазнин кунем. Бар замми ин хурду хӯроки хуб намедоданд. Бо як илоҷе маблағ ҷамъоварӣ карда бо машаққате худро ба ватан расонидам. Инҷо омадам кори муайяне ёфт нашуд. Маблағи овардаамро болояш қарз гирифта мошини ҳозираамро ба нахри 20 ҳазор сомонӣ харидорӣ намудам ва пешаи ронандагиро ихтиёр кардам”, – мегӯяд, ронанда Азимов.

Темур муддати чор сол аст, ки ҳангоми дар ватан буданаш, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мусофиркашонӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ронандагӣ дар ин роҳ бисёр хатарноку таваккалӣ мебошад, зеро имкон дорад сафари ҳар таксист барояш ҳамчун охирин сафар анҷом ёбад.

Сафар дар роҳи пурхатар бо мошини вайрона

Замоне ки Темур мошин хариданӣ мешавад, маблағаш барои харидани мошини беҳтаре намерасад. Аз ин рӯ мошини вайронаеро харида пул қарз мегираду онро таъмир менамояд. Ба гуфти Темур ронандагӣ касби авлодии онҳо аст, зеро падару бобояш низ солҳои пеш аз ҳамин ҳисоб зиндагӣ мекардаанд.

Таксисти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: Ҳар сафар шояд бароямон охирон бошад
Мавзеи ноҳияи Айнии шоҳрох

“Пулам кам буд корамро бо қарз шурӯъ кардам ва ҳоло низ ҳамон қарзро ба пуррагӣ надодаам. Кор дар ин роҳи пур аз ағбаву нақб хеле пурхатар аст. Мо ронандагон ҷони чанд нафари дигарро низ ба амонат мегирем. Кӯшиш мекунам, ки сафарам дар шаб рост набиёд, зеро рондани мошин дар торикӣ чанд маротибаи дигар хатарнок нисбат ба рӯз аст. Мардум шикоят аз гаронии роҳкиро мекунанд, аммо аз машаққату сарсониҳои мо ҳангоми сафар дар байни ин кӯҳҳои барфпӯш хабар надоранд”.

Чанд сол пеш кори ронандагӣ дар ин шоҳроҳ барои бисёриҳо муфиду сердаромад буд. Вале ҳоло бинобар зиёд шудани теъдоди таксистҳо даромад кам шудааст. Чун қисми зиёди муҳоҷирони дар Тоҷикистон бандмонда ва ҷойи кори муносиб надошта ба ин кор рӯй овардаанд.

Таксисти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: Ҳар сафар шояд бароямон охирон бошад
Мавзеи ба номи Пости Айнӣ

“Ҳоло барои як сафар бояд мо ба тарозуҳои роҳ 50 сомонӣ пардохт кунем. Ба замми ин ҳамчунин пули сӯзишворӣ ҳудуди 100 сомонӣ сарф мешавад. Агар бе мушкилии техникӣ ба шаҳр расем шояд фоида бароямон монад, аммо агар аз як тараф мусофир бошад хуб аст, вале агар аз ҷониби дигар набошад маҷбур мешавем нархи роҳкироро кам  кунем, то ки ҳадди ақал хароҷотҳои роҳро рӯйпӯш намоем. Будани нозирони роҳ ва ҷаримабандии онҳо мушкили дигари сафар дар ин роҳ мебошад. Агар соҳиби иҷозатнома набошед маҷбур мешавед, ки 700 сомонӣ ҷарима супоред”. – чанбараки мошинро идоракунон нақл мекунад Темур.

Гаронии роҳкиро ва мавсими мусоиди ронандагӣ

Ронанда Азизов мегӯяд, ки омили асосии боло рафтани нархи роҳкиро дар мавсими зиёд шудани мусофирон, пӯшонидани хароҷоти рӯзҳои дигари ронандагӣ мебошад. Яке аз манбаҳои дигари даромади иловагии ронандаҳо ин бурда расонидани амонат аст.

“Моҳҳои август, сентябр, октябр ва декабр мавсими даромади ронандаҳо ва нисбатан бемашаққатӣ мебошад. Ба иловаи мусофирон мо дар ин мавсим дар бағоҷ меваву мавизу чормағзро ҷой медиҳем. Баъзе одамон амонат медиҳад, ки ба Душанбе ё Уротеппа бурда расон ва 10-20 сомонӣ медиҳанд. Ин ва дигар даромадҳои иловагӣ сабаб мешаванд, ки мо ронандагиро дар идома диҳем”,- хурсандона нақл кард Темур.

Таксисти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: Ҳар сафар шояд бароямон охирон бошад
Ронанда Темур ҳангоми таъмири чуткаи оинатозакунак

Фоҷиаи нақби “Истиқлол” ва аз кор мондани муҳаррик

Ронандагони шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҳамарӯза дар ин роҳ ба садамаву дигар ноомадҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Қаҳрамони мо низ бо чунин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ шудааст.

“Солҳои 2017 дар нақби “Истиқлол”, ки он вақт умуман таъмир надошт ва мудом аз танаҳои нақб об мерехту роҳаш асфалтҳои безеб дошт, мерафтам. Ногаҳ дар миёнаҳои нақб яке арматураҳои роҳ поёни мошинамро сурох кард ва он аз кор монд. Нақб торику пур аз об ва дуду чангу ғуборолуд буд, – нақл кард Темур. Ҳудуди ду соат дар даруни нақб мондем, мусофирон тоқат накарда пиёда рафтани мешуданд, аммо пас аз 100-150 метр бинобар торикӣ ва дуди нафасгир ақиб гашта меоманданд ва дохили мошин менишастанд. Хушбахтона мошинеро доштам ва то беруни нақб моро кашолакунон баровард”.

Темур боре ҳатто бо мошинаш қариб ба ҷари сарозер мешавад, вале таҷрибаи чандинсолааш имкон додааст, ки мошинро идора кунаду худу мусофиронро аз марг наҷот диҳад.

“Рӯзи дигар, замони баромадан дар ағба ногаҳ балони ақиб якеаш баромада рафт, базӯр мошинро доштам, вагарна пас аз чанд метр ба ҷарӣ сарозер мешудам. Он замон ба Душанбе бор меовардам. Балони баромада ба ҷар ғелида рафт ва гирифта баромадани он ғайриимкон буд. Бинобар ин хостам балони эҳтиётиро насб карда роҳро идома диҳам, аммо болтҳо шикаста буданд. Маҷбур шудам ба пойтахт омада асбоби лозимиро харидорӣ кунам, пасон омада балонро насб кардам ва роҳро идома додам”. – қисса мекунад, оинаи мошинро тозакунон Азимов.

Ҳамчунин ба нақли қаҳрамони мо дар зимистон ҳангоми сафар муҳаррики мошин аз кор мебарояд ва ӯ маҷбур мешавад ба нархи 400 сомонӣ мошинро то Истаравшан бор карда орад.

Таксисти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: Ҳар сафар шояд бароямон охирон бошад

Кор дар замони карантин ва баҳси қарзи “Тоҷиксодиротбонк”

Дар вақти пандемияи коронавирус Темур ҳудуди ду моҳ дар шоҳроҳ ба мусофирбарӣ набаромад. Ҳамсару фарзандони Темур дар фасли зардолуву себ, меваҳои ғундоштаашонро хушк карда, дар рӯзҳои тангдастӣ мефурӯшанд. Вақте ки мардум дигар ба роҳ намебаромаданду аз сабаби пандемия ҳама дар хона нишаста буданд, Темур зардолуву себҳои дар анбори хонааш ҷамъшударо ба фурӯш мебарорад, то ки ҳади ақал маҳсулоти хӯрокворӣ харидорӣ намояд.

Темур қарзи барои хариди мошин гирифтаашро ба охир нарасонида, бонки Тоҷиксодиротбонкро муфлис эълон мекунанд. Ӯ чанд маротиба ба назди бонк меояд дарашро баста мебинад ва гумон мекунад, ки бо ҳамин тамом. Вале пас аз гузашти вақт кормандони бонк боз дарашро мекӯбанд, ки маблағи боқимондаро бо фоизи ҷамъшудааш баргардонад.

Таксисти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: Ҳар сафар шояд бароямон охирон бошад
Дар роҳи Душанбе-Чаноқ

“Чанд моҳ пеш пас аз гузашти ҳудуди 1,5 – 2 сол кормандони идораи марказии Тоҷиксодиротбонк омада ба ман як баста ҳуҷҷатҳоро нишон дода гуфтанд, ки шумо 1,5 ҳазор сомонӣ қарз доштед, бинобар то имрӯз партохт накарданд фоизи он ба 9 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Ман гуфтам, ки охир ин мумкин нест, аммо ҳайҳот ба қавлашон ҳамааш қонунӣ сурат гирифта аст ва агар мабағро пардохт накунам гуфтанд, ки мошинатро мебарем. Ман маҷбур шудам, ки розӣ шавам ва ҳоло ҳар моҳ 500 сомонӣ фоизи зиёдшудаи қарзи куҳнаамро пардохта истодаам”. – бо таассуф мегӯяд, таксист Темур.

Ронандагии Темур ҳоло аз ночории рӯзгор аст ва агар билет меёфт кайҳо озими Русия шуда буд. Аммо барои гузаронидани рӯзгор ва таъмини майишии хонавода маҷбур аст, бо даромади ночиз дар роҳи пурхатар ба ронандагӣ машғул шавад. Ба гуфтаи вай бо пули ронандагӣ барои фарзандон пасандоз карда намешавад.

“Ҳамин ки билет харидам боз ба Русия бар мегардам, зеро фикри ояндаи фарзандонро карда маблағ пасандоз кардан лозим. То ки онҳоро хононаму хонадор кунам. Намехоҳам фарзандонам мисли худам бе маълумот монанд”, – мегӯяд Темур.

Сообщение Таксисти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: Ҳар сафар шояд бароямон охирон бошад появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram