Таҷовузи 9 ноболиғ дар Тоҷикистон ва пешниҳоди ҷазо додани мардон барои танфурӯшии занон

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар дар нишасти матбуотии худ омилҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешниҳоди ҷазо нисбати мардон барои танфурӯшии занон ва нигаронии ниҳод аз таҷовузи кӯдакон гуфт.

“Ҷазои мардон барои танфурӯшии занон”

Дар Тоҷикистон мехоҳанд мардонро низ дар баробари занҳои танфурӯш муҷозоти сахт диҳанд, чун онҳо ба унвони муштарӣ дар амали танфурӯшии занон гунаҳкор мебошанд. Дар ин бора Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо журналистон хабар дод.

“Дар рейдҳо мо ба гурӯҳи занҳо сӯҳбат кардем. Вақте ҷойҳои холии корӣ пешниҳод кардем то аз ин кор даст кашанд, дар посух гуфтанд, ки розӣ нестанд ва ин маблағи пешниҳодшударо дар як рӯз пайдо мекунанд”, – мегӯяд Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Ӯ мегӯяд агар мардон барои корҳои шаҳвонӣ пули калон масраф накунанд, ин гуна амал сурат намегирад.

Раиси кумита ҳамчунин қайд кард, ки аз тарҳи ислоҳи Қонуни оила, ки ҳамакнун дар баррасии парлумон қарор дорад, барои сангин кардани ҷазо ҷонибдор аст. Ӯ гуфт, ки тарҳи ислоҳшудаи Қонуни оила ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ ва модариро барои “даллаҳо” ва соҳибони фоҳишахонаҳо пешбинӣ мекунад.

Ӯ бовар дорад, ки пас аз қабули тарҳи мазкур, ки маҳрум кардани волидон аз ҳаққи падарӣ ё модариро пешбинӣ менамояд, танфуруширо дар Тоҷикистон камтар кунад.

Дар Тоҷикистон барои афроди танфурӯш ҷазои маъмурӣ амал мекунад, ки тибқи банди 130-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танфурӯшонро метавонанд аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима кунанд. Дар сурати дар як сол бори дуввум бо ин кор ба даст афтодан, мақомот ҳақ доранд аз 10 то 15 рӯз ҳабс кунанд.

Дар Тоҷикистон дар як сол 9 кӯдак таҷовуз шудааст

Давоми соли 2020 дасти кам 9 ноболиғ дар Тоҷикистон мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд, гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар.

Ӯ гуфт, ниҳодаш нисбат ба ҳар як ҳодисаи таҷовузи кӯдак дар кишвар вокуниш нишон медиҳад ва фавран гурӯҳҳои кориро таъсис дода, ба макони ҳодиса сафарбар мекунад.

Бино ба гуфтаи Қурбонзода Ҳолатҳои таҷовузи ноболиғон давоми як соли гузашта, дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Кӯшониёну Шуғнон, шаҳри Норак, ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор ва ҳамчунин ноҳияи Нуробод рух додаанд.

Дар бораи чӣ гуна ҳукм гирифтани таҷовузкорон дар Тоҷикистон маводи қаблии моро мутолиа намоед.

Мушкили пошхӯрии оилаҳо зудтар хонадор кардан аст

Омода набудани ҷавонон, бахусус мардон ба ҳаёти мустақилона дар кишвар яке аз омилҳои асосии вайрон шудани хонаводаи навбунёд мебошанд.

Ӯ мегӯяд, волидон набояд ба ин саҳлангорӣ роҳ дода фарзандонро зуд оиладор намоянд, балки нахуст ӯро бояд ба зиндагии мустақил омода созанд. Фарзандро нахуст ба манзили зист бояд таъмин кунанд. Ӯ бояд соҳибмаълумот ва дорои шуғле бошад, ки тавонад зану фарзанди худро таъмин кунад.

Омилoои асосии пошхӯрии оилаҳоро Қурбонзода дар мушкилиҳои хонаводагӣ аз қабили набуди манзили зист ва надоштани ҷойи кор медонад.

Сообщение Таҷовузи 9 ноболиғ дар Тоҷикистон ва пешниҳоди ҷазо додани мардон барои танфурӯшии занон появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram