Таҷлили Рӯзи модар дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи модар дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон5 марти соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири фаҳанг Давлатзода З.Д. нишасти идона доир гардид. Мавсуф занону бонувонро ба муносибати ин рӯзи саид табрику таҳният гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки фасли баҳори нозанин, ки мавсими эҳёи табиат, таҷаллии рангҳову ҳавои атрангез, мазҳари зебоию нур ва падидоварандаи суруру шодмонӣ дар дилу дидаи ҳамаи мавҷудоти зинда аст, худ як иди бузург аст. Аввалин ид ҳам дар ин фасли зебо Иди Модар аст, ки рост омадани он бо ин айёми мубораку фархунда амри тасодуфӣ нест. Зеро модар худ рамзи ҳаёт, зебоӣ, муҳаббат, фазилат ва меҳрубонӣ аст.

Дар фарҳанги миллии мо мақоми Модар он қадар баланд аст, ки бузургони адаби мо биҳиштро зери пои модарон қарор додаанд. тавре Мавлоно Ҷомӣ мефармояд:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рисолату манзалати модар баён доштаанд: «Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад».

Воқеан, зан — модар сазовори ҳама гуна эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардидани рӯзи 8-уми март дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи модар» далели равшани қадршиносӣ ва бузургдошти манзалати Зан-Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Дар робита ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занону духтарон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти бонувон, инчунин мушкилоти вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Точикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо дар амал боиси хеле беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи мо гардидааст.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар симои зан нерӯи созандаи ҷомеаи муосирро дида, нақши занонро дар рушди кишвар ҳамчун неруи пешбаранда арзёбӣ менамояд. Зеро имрӯз зани тоҷик дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар фаъолона ширкат варзида, дар пешрафти он нақши муҳим мегузорад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд:

«Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст”.

Ҳамчунин, Сарвари давлат дар паёми хеш таъкид намуланд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

“Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд”.

Саҳми занону бонувон дар соҳаи кишоварзӣ, рушди иқтисодиёти кишвар ва тиҷорату соҳибкорӣ низ хеле назаррас мебошад. Раванди дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти занону бонувон дар сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат пайваста рушду тараққӣ меёбад. Тавре дар бора Роҳбари давлат зимни ироаи Паём таъкид карданд:

“Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”. Бо ин мақсад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Воқеан рушду нумуи ҷомеаи башариро бе ҳузури фаъол ва пурранги бонувону модарон наметавон тасаввур кард. Зеро модар меҳрубонтарину азизтарин инсон барои ҳар як шахс аст. Модар аст, ки фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст. Модар аст, ки ба хотири роҳату осоиши фарзандон шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки азизони дили ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гарданд. Модар аст, ки ба хотири бардаму солим ба камол расидани фарзанд, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳанар шудани ӯ пайвста хуни дил мехӯрад ва ҷигаргӯшаашо ба таври сазовору шоиста тарбият намуда, ба ҷомеа ҳамчун фарди комил тақдим медорад. Аз ин рӯ, ҷомеаи инсонӣ ҳамеша дар пеши модарон қарздор аст ва ҳеҷ гоҳ наметавонад аз иршоду таълиму тарбия ва дилсӯзии модар бениёз бошад.

Хусусан, имсол, ки мо яке аз муҳимтарин ва олитарин ҷашнҳои давлатиамон – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем, ҷомеаи мо ба саҳми сазовор ва ҳиммати баланди занону модарон беш аз ҳар замони дигар ниёз дорад.

Ватани мо модари мост. Арҷ гузоштан ба Ватан арҷгузорӣ ба модар аст. Хидмат ба Ватан хидмат ба модар аст. Ҳифзи муқаддасоти Ватан ҳифзи обрӯ ва мақому манзалати модар аст. Бинобар ин, Модар ва Ватан дар фарҳанги мо ҳамеша дар канори ҳам қарор доранд.

Дар поёни ҷамъомад ба занону бонувон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мо дар Telegram