Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

10.03.21.711 марти соли 2021, соати 09:30 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади идона баргузор мегардад.

Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил мегардад, намояндагони ҳукумати кишвар, васоити ахбори омма, олимону коршиносон иштирок хоҳанд кард.

Дар чорабинӣ рӯзноманигорони фаъол бо унвони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, ифтихорномаву сипосномаҳо ва мукофоти пулӣ қардонӣ мегарданд.

Боиси зикр аст, ки ҳамасола 11 март чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад ва он ба нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Таҷлили ин сана дар ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне аз соли 1994 ба расмият даромадааст.

Мо дар Telegram