Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ Коллеҷи фарҳанг

Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ Коллеҷи фарҳанг19 феврали соли 2021 ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар чорабинӣ директори коллеҷ Разоқов Салоҳиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсуфӣ, муовини Комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ подлолковник Кушаков Наҷмиддин, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ Рухшона Шобиддинова, роҳбари гурӯҳи “Авангард” –и назди ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ Ҷумъев Низомиддин, хабарнигорони шабакаҳои телевизионӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро Разоқов Салоҳидин ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, иброз намуд, ки мақсади гузоронидани чорабинӣ тарбия намудани донишҷӯён дар руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ мебошад, зеро яке аз вазифаҳои мо омӯзгорон ташаккул додани афкори ҷавонон нисбат ба Артиши миллӣ, зарурати хизмати ҳарбӣ ва оини ватандорӣ мебошад.

Дар рафти чорабинӣ меҳмонони даъватшуда суханронӣ карда, оид ба гиромидошти Артиши миллӣ ва саҳми афсарону сарбозони далеру шуҷоъ дар таъмини осоиштагии халқ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз арзёбӣ гардид.

Сипас, барномаи театркунонидашудаи устодон ва донишҷӯён, ки аз ду қисм: мусобиқаҳои ҳарбиву варзишӣ ва барномаи рангини консертӣ иборат буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби муассисаи таълимӣ ба як қатор омӯзгорону донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳо ва ба меҳмонони даъватшуда барои ҳамкории судманд Сипоснома тақдим карда шуд.

Миралӣ Воҳидов,
омӯзгор

24.02.21 1 24.02.21 4 24.02.21 6 24.02.21 5 24.02.21 2 24.02.21 3

Мо дар Telegram