ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШ ДАР КОЛЛЕҶИ ОТАШНИШОНӢ

Бар сарӣ ҳар як сабақ аҳду вафо меоварам,

То ки ҷонам дар бадан хизмат ба ҷо меоварам.
То абад бошад ба дунё хизмати ман баҳри ту,
Роҳи поки боадолат хубии рафтори ту.
Сулҳу осоиш бувад дар мо шиори доимӣ,
Менамоям посубони деҳаю шаҳрҳои ту.

Санаи 23 феврали соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара”, чорабинӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур собиқ муовини сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфӣ Холзода Хол Барот, ва муовини сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хизмати дохилӣ Ҳалимҷони Акмал иштирок доштанд.
Сардори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Ҳайдарзода Шоҳмурод Ҳайдар, чорабинии мазкурро бахшида ба «Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушода эълон гуфта, меҳмонону афсарон ва курсантонро табрик намуд.

15861587

Сипас полковники мустаъфӣ Холзода Хол Барот ба сухан баромада, афсарону курсантонро ба муносибати «Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик гуфта, ба онҳо аз таърихи таъсисёбии Артиши милли ва ҳизматҳои софдилонаи хеш хабардор кард. Чунончӣ қайд кард, ки дар вақтҳои хизмат ба Қувваҳои муссалаҳ дохил шуданам чунон ҳисси меҳанпарасти дар авҷи аъло қарор мегирифт, ки бо як завқи инсондӯстӣ дар Афғонистон хизмати софдилона намудаам, ки кори осон нест.
Бояд ҳар марди шуҷои далер ба модар ва Ватан софдилона хизмат намояд. Шумо курсантони “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, поягузор ва давомдиҳандаи касбу кори хадамоти оташнишонӣ ҳастед, ки дар ҳама ҷода фаъол ва зирак бошед чунки касби оташнишон бениҳоят заҳматталаб ва пурхатар мебошад. Ҳар кас оташнишон шуда наметавонад, барои оташнишон шудан қалби оташин даркор, ки аз алангаи оташи тез наҳаросӣ.
Дар фарҷоми суханрониям бори дигар устодон ва курсантон Шуморо ба муносибати 28-умин солгарди «Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз самими қалб табрик ва муборакбод намуда дар ҷодаи таҳсилатон комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хизмати дохилӣ Ҳалимҷони Акмал дар давоми суханронии хеш афсарону курсантони Коллеҷро бори дигар аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Инчунин дар рафти чорабини аз ҷониби Сардори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Ҳайдарзода Шоҳмурод Ҳайдар, якчанд туфаҳо ва ифтихорномаҳо ба афсарону курсантоне, ки дар мусобиқаҳо ва озмӯнҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд сарфароз гардонида шудаанд.
Ҳамчунин курсантон Ҳалимов Оқил ва Сабринаи Мирзоали дар мавзуи «Артиши Миллӣ» баромадҳо карда, курсантон, қаторҳои хизмати дохилӣ Баротов Сомонӣ, Дадабоев Исломиддин, Акбаров Аминҷон, Салоҳов Шукурло, дар васфи Ватан ва Артиши Миллӣ якчанд порчаҳои шеърӣ қироат карданд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур саҳначаҳои ҳаҷвӣ дар иҷрои курсантон Ҳалимов Оқилҷон, Хушов Хайём, Асоев Хушруз, Абдукаримзода Билол, Раҳимзода Шоҳрух, ва тақлидкорӣ аз ҷониби курсантон Ҳалимов Оқил ва Сабринаи Мирзоали, таронаи суруди ватандорӣ дар иҷрои курсантони курсҳои сеюм дар бораи ватандустӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

15881589

Дар анҷоми чорабини Сардори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Ҳайдарзода Шоҳмурод Ҳайдар, ҳамаи меҳмонону иштирокчиёнро бори дигар табрик ва миннатдорӣ баён намуда ҳозиринро ба сари мизи идона даъват намуд.

И.в. сардори кафедраи фанҳои бехатарӣ аз сӯхтор
лейтенанти калони хизмати дохилӣ
Сафарзода Хуршед.
И.в. сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳо
МДТ “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон”
лейтенанти калони хизмати дохилӣ
Фозилова Шаҳноза.

 

Мо дар Telegram