Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Осорхона

201475896532118 марти соли 2021 дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни фархундаи Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг бо иштироки динишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ доир гардид.

Директори осорхона ҳозириниро ба фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ – иди миллии тоҷикон табрику муборакбод намуда роҷеъ ба таърихи пайдоиши Наврӯз аз аҳди бостон то ба имрӯз, ба монанди пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, рамзи эҳёи табиат, оламу одам, дӯстию рафоқат, хайру баракат, орзую омоли нек ибрози ақида намуданд.

Дар рафти баргузории маҳфил ба иштирокчиён аз асарҳои мусиқии видео- аудеоии композиторони тоҷик дар марҳилаҳои гузашта ва имрӯзаи таърихӣ намоишҳо пешкаш гардид, ки дар он Наврӯзи хуҷастапай, тараннуми ҳаёт, зиндагии осоишта, рукнҳои худшиносии миллӣ, василаи пайванд ва робитаи наслҳои дирузӯ имрӯз, анъанаҳои ниёгон, инсондӯстӣ, эҳёи табиат — таҷассум гардиданд.

Маҳфил бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истифода аз тависяҳои табибон ва талаботҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Мо дар Telegram