Таҷлили 28 — солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили 28 - солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонБа ифтихори таҷлили 28-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли равон дар Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ чорабинии идонаи фарҳангӣ — маърифатӣ бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон баргузор гардид.

Директори Осорхона Юсуф Шоев ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрик намуда қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлол буда, дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунад. Артиши ҷавони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан ва бартараф кардани амалҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору арзанда дорад.

 

Мо дар Telegram