Таъйинотҳои нави кадрӣ дар ҳайати ҳукумат

Дар Тоҷикистон ҳануз тағйиротҳои кадри идома доранд ва худи имрӯз як чанд таъинотҳои нав ба вуқуъ омаданд. 

Президенти кишвар бо қарори худ Фарҳод Билолзодаро ба вазифаи муовини нави вазири саноат ва технологияҳои муосир ва Улуғбек Умарзодаро муовини аввал таъин намуданд. Инчунин Шаҳноз Раҳматуллозода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи  меъморӣ ва сохтмои ҷумҳурӣ озод намуда, Абдураҳмон Каримзодаро бо Нусратулло Файзуллозода муовинони ин кумита таъин намуданд.

 Ба ғай аз ин, субҳи имрӯз як тағйироти дигаре дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон низ сурат гирифт. Ширин Амонзода Имомназар Аюбро ба вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд.

Таъйинотҳои нави кадрӣ дар ҳайати ҳукумат

Муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон иваз шуд

Мо дар Telegram