Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ҳамчун усули самарноки пешгирии коррупсия

 

Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ҳамчун усули самарноки пешгирии коррупсияАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар моҳҳои январ-июни соли 2021 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа Нуъмон ибни Собит ва Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи фаъолияти кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобшуда, аз ҷониби гурӯҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия, ки ба ҳайати он намояндагони худи кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобгардида ва кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, гузаронида мешавад.

Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31- и Методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ, зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад. Аз ин рӯ, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобгашта, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронии «info@anticorruption.tj» ирсол намоянд.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Мо дар Telegram