Табрикоти низомиёни пойгоҳи 201-ум ба қаҳрамони Сталинград

Бахшида ба 78 солагии ғалабаи афсарони сурх бар фашистон дар Сталинград, низомиёни 201-ум пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба аёдати собиқадори 109 солаи ҶБВ Рашид Каримов омаданд.

Ҳайати пойгоҳро полковник Сергей Горячев роҳбари карда ба қаҳрамон миннатдории худро барои ҷасурона мубориза бурдан ва ҷони худро дареғ надоштан дар ин ҷанги хуншор баён намуда гуфт: “Фахр мекунам, ки дар бари чунин қаҳрамон истодаам. Мо дар ҳамаҷо ба ҳама қаҳрамониҳои  падаронамон арҷ мегузорем ва  инчунин дар ёд дорем, ки онҳо бар фашизм бо кадом роҳ ғалабаро ба даст оварданд».

Рашид Каримов соли 1912 ба дунё омада  дар маҳаллаи Шоҳамбарии Ҳисор умр ба сар мебарад ва Сергей Горячев ба инҷо ташриф оварда, ба қаҳрамон гул бо туҳфаи арзишнок  тақдим кард.

Ҳамороҳи полковник боз ансамбли “Славяне” аз донишгоҳи славяни омада, сурудҳои “Катюша”, “Смуглянка” ва  «Эх, путь-дорожка фронтовая»-ро иҷро намуданд.

Қаҳрамон дар озодкунии шаҳрҳои Киев, Киров, Лвов, Кенигсберг, Полша ва дар ҳамлаи Берлин иштирок намудааст. Инчунин Рашид Каримов бо ҳамроҳии ветерани маъруфи шуравӣ Василий Чуйков дар ҳимояи Сталинград иштирок намудааст.

Табрикоти низомиёни пойгоҳи 201-ум ба қаҳрамони Сталинград

Собиқадори меҳнати ноҳияи Ашт медали ҷашнии «75-солагии Ғалаба» гирифт

Мо дар Telegram