Сухани табрикии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода Зулфия дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

11.03 4Дӯстони гиромӣ, 
Ҳамкасбони азиз, 
Ҳозирини муҳтарам!

Мо Рӯзи матбуоти тоҷикро дар оғози фасли эҳёи табиат – баҳори нозанин пас аз таҷлили Рӯзи Модар ва қабл аз ҷашни Наврӯзи бостонӣ ҷашн мегирем. Воқеан, баҳор аз ҳар сӯ, ки назар кунем, ҷашн асту суруру шодмонӣ. Хоса имрӯз, ки Рӯзи матбуоти тоҷик аст.

Ман аз номи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамаи рӯзноманигорон ва аҳли қаламро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрику таҳният гуфта, барои ҳар яки шумо саодату хушбахтӣ, рӯзгори амну осуда ва комёбию пешрафтҳои фардию касбӣ орзу мекунам.

Имсол мо Рӯзи матбуоти тоҷикро дар фазои хоса ва марҳалаи муҳими таърихӣ, яъне дар соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷашн мегирем. 30 сол муқаддам халқи Тоҷикистон аз бунёд ниҳодани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҷомеаи ҷаҳон башорат дод.

Бешак, дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад.

Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо барои рушди соҳа имконот ва шароити муоидро фароҳам сохт. Барои муқоиса, агар дар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 191 адад рӯзномаву маҷалла интишор мегардид, имрӯз 621 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 395-тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Дар ҳоле ки солҳои аввали истиқлолият дар кишвар танҳо 1 агентии иттилоотӣ фаъолият мекард, имрӯз теъдоди онҳо ба 11 адад расидааст, ки аз ин шумора 10 агентӣ ҷамъиятиву хусусӣ мебошад.

Таъсиси муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», Телевизиони бачагону наврасон «Баҳористон», “Телевизиони Варзиш», “Телевизиони Футбол», “Телевизиони Синамо», “Телевизиони Шаҳнавоз” ва телевизионҳои шаҳрию вилоятӣ дар гӯшаву канорҳои кишвар аз дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбанд.

Ҳозирини гиромӣ,
Асри ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ дар соҳаи иттилоърасонӣ хавфу таҳдидҳои амниятиро низ дар фазои иттилоотии кишварҳо ба вуҷуд овард. Таҳоҷуми фарҳангӣ, таблиғи афкори барои ҷомеаи мо бегона, талқини экстремизм ва ифротгароӣ дар зеҳни ҷавонон ва ба ин васила ворид намудани халали ҷиддӣ ба амният ва рушди босуботи ҷомеаҳои солим аз хавфу таҳдидҳои замони нав маҳсуб мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро ҳамчун сипари давлат арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки “Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд”.

Дар ҳақиқат, имрӯз таъмини амнияти иттилоотӣ аз масъалаи ҷиддие маҳсуб мешавад, ки нақши расонаҳо дар он хеле муҳим аст. Манфиатҳои миллии мо тақозо менамояд, ки кормандони васоити ахбори омма барои муқовимат намудан бо ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз ин таҳдидҳо бояд дар сафи аввали мубориза бошанд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар дили мардум ва ба ин васила дастгирии рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон аз вазифаҳои дигарест, ки васоити ахбори омма дар асри ҷаҳонишавӣ бар дӯш доранд.

Бешубҳа, муҳимтарин василаи ибрози андеша ва ташаккули фарҳанг барои ҳар як халқу миллат ин забон аст. Ҳифзу нигаҳдории асолати забони ноби тоҷикӣ дар асри ҷаҳонишавӣ аз донишу таҷриба ва саъйу талоши кормандони васоити ахбори омма вобастагии калон дорад. Аҳамияти ин масъала дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: “Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад”.

Дар амри расидан ба ин ҳадафҳои воло нақши аҳли қалам, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шӯрои васоити ахбори омма ва Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бояд боз ҳам назаррас бошад.

Мо боварии комил дорем, ки воситаҳои ахбори омма дар оянда низ баҳри амалӣ гаштани сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми сазовори хешро мегузоранд ва дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз худ иқдомот ва ибтикороти боз ҳам бештар нишон медиҳанд.

Бо як ҷаҳон сипос ва таманниёти нек Рӯзи матбуоти тоҷикро ба ҳамаи шумо бори дигар табрику таҳният мегӯям.

Ташаккур, сарбаланду муваффақ бошед.

Мо дар Telegram