Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров суҳбати телефони анҷом доданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Мавзӯи суҳбат аз масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун иборат буд. Аз он ҷумла, оиди ҷаласаи байниҳукуматии оиди ҳамкориҳои иқтисодии баргузор шуда ва таъсири он ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба суҳбат намуданд.

Ичунин ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар созмонҳои минтақавӣ, ба хусус дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Ассамблеяи Байнипарлумонӣ, ки Тоҷикистон имсол дар ин созмону ҷорабиниҳо раёсатиро бар душ дорад, мавриди барраӣ қарор доданд. 
Дар фарҷоми суҳбат Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров умед бар он бастанд, ки ҳамкориҳо барои таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба таъсири мусбӣ мебахшанд.
Мо дар Telegram