Спетакли “Садои Қу” дар Лондон намоиш дода мешавад

30.03.21.227 март бахшида ба Рӯзи байналмилалии театр дар театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом нахустнамоиши спетакли “Садои Қу” дар таҳияи коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ пешкаши дӯстдорони театр карда шуд.

Коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ, ки дар Лондон қарор дорад, бо ҳунармандони театри Конибодом тариқи онлайн саҳна омода кардаанд. То ин муддат онҳо се намоиши дигарро бо номҳои «Ваҳваҳабонувон», «Суди девонагон» ва «Қобил» таҳия намуда буданд. Ба таври онлайн таҳия намудани намоиш дар фазои театрии мамлакат таҷрибаи нав аст, — иброз намуд Ғайрат Қодиров.

Мавриди зикр аст, ки намоиши «Садои Қу» аз рӯи навиштаҳои нависандаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ба монанди А. П. Чехов, Ю. Шекспир, А. Пушкин, Грибоедов, К.Яшин ва Ҳ. Ғулом рӯи саҳна омадааст.

Директори Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом Ғайрат Қодиров гуфт, ки матнҳоро худи коргардон банду баст кардааст. Мусиқии дар намоиш истифодашуда аз оҳангсозони мондагор С. Бах, Малер ва Чайковский буда, ҳамагӣ се ҳунарманди ҷавони театр — Фарҳод Ғаффорпур, Фаррух Ваитов ва Ғайратҷон Қодиров дар он нақш меофаранд.

Зикр гардид, ки ҳамин намоиш 12 апрели соли равон дар Фестивали байналмилалии кишварии Осиёи Марказӣ ба номи «Орзу» дар шаҳри Лондон ба таври онлайн намоиш дода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар баробари дигар театрҳои ҷумҳурӣ театри Конибодом низ таърихи куҳан дошта, дар таҷассуми ҳувияти миллӣ ва фарҳанги халқи тоҷик саҳм гузоштааст.

Мо дар Telegram