Созишномаҳои имзо шуда, миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон

Содир Жапаров президенти Ҷумҳурии Қирғизистон сафарҳои хориҷии худро идома дода истодааст ва ин навбат 11 март ба Узбекистон ташриф овард.

Зимни вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷонибҳо масъалаҳои энергетика ва сохтмони иншоотҳои энергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни вилоятҳои ОШ, Намангон, Ҷалолобод, Фарғона, Норин ва Боткент баррасӣ гардид.

Дар маҷмуъ шумораи созишномаҳои ба имзо расида 22 ададро ва 900 миллион долларро ташкил доданд, ки бештар самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодро дар бар гирифт.

Содир Жапаров барои дар сатҳи олӣ қабул кардан изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки “Ӯзбекистон — яке аз шарикони калидии Қирғизистон дар тиҷорат мебошад”.

Қаблан маълум гардида буд, ки Сафарҳои минбаъдаи президенти Қирғизистон ба кишварҳои минтақа Қазоқистон ва Туркманистон сурат хоҳад гирифт ва баъдан ба Тоҷикистон низ сафар анҷом хоҳад дод.

Мо дар Telegram