Сомон Маҳмадбеков дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо сазовори медали нуқра гардид

Сомон Маҳмадбеков дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни 73 кг баромад намуда, сазовор медали нуқра гардид.

Дар муҳорибаи ниҳоӣ Сомон аз варзишгарӣ Кореяи Ҷанубӣ Ан Чангрим мағлуб шуд.Паҳлавони тоҷик бар ҳарифои худ дастболо шуда ба даври финали баромад. Ҳарифони ӯ дар марҳилаҳои аввал аз кишварҳои Яман, Эрон ва Қазоқистон буданд.

Дар чемпионат дар маҷмуъ аз Тоҷикистон 18 варзишгар иштирок мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар Бишкек бо ширкати 500 варзишгар аз 30 давлати дунё сурат мегирад.

Мо дар Telegram