«Сомон Эйр» ҷадвали парвоз ва арзиши чиптаҳоро аз Тоҷикистон ба Русияро аниқ кард

«Сомон Эйр» ҷадвал ва нархҳои парвозҳои доимии барқароршударо дар масири Душанбе-Москва-Душанбе эълон кард ва инчунин қоидаҳои парвоз барои шаҳрвандони Тоҷикистонро мушаххас кард, хабар медиҳад хадамоти матбуот.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба, ҳар рӯзи сешанбе анҷом дода мешаванд. Парвоз аз Душанбе соати 12:00, аз Маскав — соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Арзиши чипта аз Душанбе ба Маскав дар синфи эконом 300 евро (4051 сомонӣ), дар самти муқобил 130 евро (1794 сомонӣ) хоҳад буд.

Хабар дода мешавад, ки ҳамаи мусофирон бояд шаҳодатномаи «ПЦР» дошта бо натиҷаи манфии санҷиш барои COVID-19 дошта бошанд (на дертар аз 3 рӯз аз рӯзи интишор то расидан ба Русия). Шаҳодатнома бояд ҳақиқӣ бошад, ҳама майдонҳо дар компютер бо забони русӣ пур карда шаванд.

Аз ҳама шаҳрвандон талаб карда мешавад, ки ниқоб ва дастпӯшак пӯшанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Агар ҳангоми расидан ба Маскав маълум карда шавад, ки шаҳодатномаи набудани COVID-19 беэътибор аст ё мусофири дорои COVID-19 парвоз кардааст, тамоми хароҷоти дар ин робита овардашударо мусофир бар дӯш мегирад.

Барои маълумоти иловагӣ, лутфан ба маркази тамосҳои ширкат муроҷиат намоед:
+992 (93) 777 74 59,
+992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50.

Мо дар Telegram