Сохтмони мактаби русӣ дар Хуҷанд ба наздики оғоз мегардад

Ба наздики дар шаҳри Хуҷанд сохтмони мактаби замонавӣ оғоз мегардад, хабар додааст сардори идораи маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода.

Ин мактаб аз ҷониби Федератсияи Русия тибқи қарордоди байниҳукуматӣ оиди сохтмони 5 мактаби русӣ татбиқ мешавад.

Тавре Каримзода дар нишасти матбуоти гуфт, ҳоло ҳамаи корҳои ободонӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин ва ҳуҷҷатгузориҳо омода шудааст ва рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд.

Дар назди мактаб боз сохтмони хобгоҳ бо ҳамаи шароитҳо лозима низ дар назар гирифта шудааст. Ҳамаи хонандагони мактаб тариқи озмун қабул карда мешаванд ва муаллимон аз Русия даъват хоҳанд шуд.

Ба ғайр аз шаҳри Хуҷанд  сохтмони мактабҳо боз дар шаҳрҳои Кулоб, Турсунзода, Бохтар ва Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мо дар Telegram