Содир Ҷапаров ба Тоҷикистон меояд?

Содир Ҷапаров президенти нави Қирғизистон ба пуррагӣ ба вазифааш шуруъ намуда сафарҳои хориҷӣ анҷом дода истодааст. Баъд аз аввалин сафари худ ба Федератсияи Россия ният дорад ба Тоҷикистон низ ташриф орад. 
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазақбаев сафарҳои наздик ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Хитой анҷом меёбад.
Инчунин вазир гуфт, ки рӯзҳои 11-12 март Ҷапаров ба Тошканд ташриф меорад ва санаи дигар сафарҳо маълум хоҳад шуд.
Бояд қайд кунем, ки яке аз мавзӯъҳои асосӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ мебошад.
Мо дар Telegram