Шумори заҳролудшудагон аз об дар Буйнакси Доғистон ба 196 нафар расидааст. Аксари онҳо кӯдаконанд

Шумори заҳролудшудагон аз об дар Буйнакси Доғистон ба 196 нафар расидааст. Аксари онҳо кӯдаконанд

Бино ба иттилои хадамоти тандурустии маҳалӣ аллакай дар муассисаҳои табобатии бачагонаи шаҳр ҷойи холӣ нест. Аксари заҳролудшудагон бачаҳоянд. Сабаби он об нӯшокӣ аз зери кран унвон шудааст ва гуфта мешавад, ки дар ин об вируси исҳоли хунӣ (дизентерия) пайдо кардаанд. Прокуратураи маҳал дар иртибот ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Шаҳрдории Буйнакс гуфтааст, ки қисмати азими ин сироятшудагон (165) нафар) кӯдаконанд. Дар айни замон 96 нафар, аз ҷумла 73 тифл дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар беморхона ҷой нест ва духтурон боқимондаҳоро барои ташхису муолиҷа ба бемористони вилоятӣ мефиристанд. Дар як шабонарӯзи охир шумори заҳролудшудагон ду баробар афзудааст. 

Маврид ба ёдоварист, ки аввалин хабари заҳролуд шудан дар Буйнакс рӯзи 12 январ пахш шуда буд. 34 кӯдак, ки синнашон аз2 то 13 сол буд, ба беморхона интиқол ёфта буданд.

барчасп: 
Мо дар Telegram