Шумораи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёд мешаванд

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шумораашон зиёд мешавад. Агар имрӯзҳо дар як ҳафта ширкатҳои ин кишвар як маротибагӣ парвоз анҷом диҳанд, аз 3 апрел ширкати Uzbekistan Airways ду маротиба дар ҳафта парвоз хоҳад кард.
Роҳҳои ҳавоии Тоҷикистону Ӯзбекистон тирамоҳи соли 2020 ҳангоми ташрифи сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов баррасӣ шуданд ва имрӯз нархи чиптаҳо ба самти Душанбе-Тошканд ва Тошканд-Душанбе 155 доллар ё 1620 сомониро ташкил медиҳад.
Хотиррасон мекунем, ки роҳҳои заминии ду кишвар низ фаъолият дорад ва зиёди шаҳрвандон тавассути автомобил рафту омад мекунанд. Дар сарҳад мутахассисон шаҳрвандонро аз ташхис мегузаронанд.

Мо дар Telegram