Шумораи нави маҷаллаи “Тоҷикистон” аз чоп баромад

majtoj5Дар шумораи навбатии маҷаллаи “Тоҷикистон” №1-2 (1185) 2021, ки муассиси он Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, маводҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар таҳти унвонҳои “Ҳадиси қалам”, “Ахбори расмӣ”, “Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати ҷашни Сада”, “Паём – раҳнамои фардо”, “Хусусиятҳои ҷашни Сада”, “28 қадами устувор”, “Ифротгароён – хоини миллат!”, “Ҷонибдорӣ аз сиёсати Пешвои миллат”, “Нақши созмонҳои иқтисодии байналмилалӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон”, “Зинда дорад мардро осори ӯ”, “Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ”, “Шифои комил”, “Об арзиши умумибашарист” “Оила – таҳкурсии ҷомеа”, “Нигоҳе ба усули офорт”, “Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Рисолаи мусиқӣ»-и ӯ”, “Дар сояи падари миллатҳо” ва Шеърҳо интишор ёфтаанд.

Маҷалла дар матбааи ҶДММ «Мега-принт» дар ҳаҷми 1300 нусха чоп шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки “Тоҷикистон” ягона маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар мебошад, ки дар давоми сол 6 маротиба ба табъ мерасад.

 

Мо дар Telegram