Шоми эҷодии композитори Толиб Шаҳидӣ дар Москва

Композитори маъруфи Тоҷикистон Толиб Шаҳидӣ, ки дар шаҳри Москва зиндаги ва фаъолият мекунад, шоми эҷодӣ дорад. Консерт, рӯзи 29 апрели соли равон дар толори Консерваторияи шаҳри Москва баргузор мегардад, хабар медиҳад Табриз Шаҳидӣ, писари композитор, дар Facebook.

Толиб Шаҳидӣ писари композитори номдори Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шуравӣ ва дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи А.Рудакӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи композиторон ва кинемотографистони Россия ва дорандаи медали тиллои Иттфоқи композиторони Москва мебошад.

Ҳунарманд миёни мардум бо эҷодиётҳои бо номи ”Садо”, “Празднество”, Симфония № 2, Concerto grosso № 2, «Хранительница огня», «Амир Исмаил», оперы-сказки «Калиф-Аист», «Карлик-нос», «Волшебные яблоки», «Красавица и чудовище», «Смерть ростовщика», «Рубаи Хайяма», «Юсуф и Зулейха» шуҳрат дорад.

Мо дар Telegram