Шоири 92-солаи тоҷик дар Москва аз олам гузашт

Шавкат Ниёзӣ шоири халқии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Россия, тарҷумон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва Федератсияи Россия,  барандаи Ҷоизаи адабӣ ба номи А. Фадеев, дорандаи медали тиллои А.Фадеев ва дигар ҷоизаҳо, дар синни 92 солагӣ аз қайди ҳаёт гузашт. 

Имрӯзҳо барои изҳори тасалло ба наздикону пайвандони адиб аз ҳар гушаю канори олам паёмҳо мефиристанд. 

Шоир Ш. Ниёзӣ пайвандгарӣ фарҳангӣ миллати тоҷику рус буда саҳми худро дар соҳаи адабиёти кишвар гузоштааст.

Асарҳои классикони адабиёти ҷаҳонӣ ва рус, инчунин нависандагони кишварҳои ИДМ — М. Горкий, А. Доде, М. Сервантес, В. Гюго, В. Тагор, А. Стайл, И. Тургенев, А. Чехов, А. Фадеев, К. Крапива, В. Собко, Б. Кербабаев ва К.Кулиев бо қалами шоир ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст.

Ӯ ҳамчунин дар таҳким ва рушди робитаҳои эҷодӣ бо нависандагон ва ташкилоти нависандагии фазои Африқову Осиё саҳми назаррас гузоштааст.

Шавкат Ниёзӣ бародари Фотеҳ Ниёзӣ- шоир ва нависандаи халқии Тоҷикистон, сиёсатмадор ва хизматчии давлатӣ, рузноманигор, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС ва дорандаи ордени «Байрақи сурхи меҳнат» мебошад.

Мо дар Telegram