Ширкати сохтмонии Русия барои муҳоҷирон ба Тоҷикистон омад

Тавре маълум аст, бо сабаби пандемияи Covid-19 иншоотҳо аз фаъолият боз монданд ва ин таъсири манфии худро ба ширкатҳо расонд. Барои ҳалли ин мушкилот ширкатҳои сохтмонӣ ва вазорати сохтмон ба ҳукумат муроҷиат намуданд, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ иҷозати вуруд ба Федератсияи Русия дода шавад.

Имрӯзҳо ширкати сохтмонии «Техстрой» барои интихоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон омадааст то ки 1000 нафарро бо кор таъмин намояд. Ба шаҳри Хуҷанд намояндагони ширкат дар ҳайати 15 нафар омадаанд ва қабули ҳуҷҷатҳоро оғоҳ менамоянд.

Ширкат бо ҳукумати Тоҷикистон ва ситоди зудамал оид ба огоҳӣ ва хуруҷи коронавирус ба қаламрави Русия масъалаҳои фаъолиятро мувофиқа намудааст.

Кормандонро мебояд сатҳи донистани забон, огоҳбудан аз ҳуқуқҳои ҳифзи меҳнат ва дараҷаи ихтисосашонро нишон диҳанд.

Ширкат ҳамаи шароитҳои лозимаро фароҳам меорад ва муҳоҷирон хароҷотҳои ташхис, чипта ва ғайраро бояд дар давоми 6 моҳ баъд маош гирифтан баргардонанд. 

Ширкати сохтмонии Русия барои муҳоҷирон ба Тоҷикистон омад

Уфа нақша дорад, ки 450 муҳоҷирро аз Тоҷикистон ба кор ҷалб кунад

Мо дар Telegram