Ширин Амонзода посух дод, ки кай марзи байни Русия ва Тоҷикистон кушода мешавад

Вазири меҳнат, шуғл ва муҳоҷирати Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе рӯзи 11 феврал посух дод, ки кай Маскав метавонад ҳаракати ҳавоиро бо Душанберо барқарор кунад, хабар медиҳад «Азия-плюс»

Ба гуфтаи вазир, масъалаи кушодани марзҳоро аз рӯи натиҷаҳои комиссияи баҳодиҳии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон, ки онро Роспотребнадзор анҷом медиҳад, ҳал кардан мумкин аст. 

Ин дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия рӯзҳои 8-9 феврал дар шаҳри Маскав, ки дар он Ширин Амонзода ширкат дошт, баррасӣ шуд.

«Ҷониби Русия эълон кард, ки барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон Комиссияи махсус мефиристад. Аз рӯи натиҷаҳои ин сафари  комиссия, қарор дар бораи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия қабул карда мешавад ”, — гуфт Ширин Амонзода. 

Вай инчунин илова кард, ки мутахассисони Роспотребнадзор дар асоси натиҷаҳои сафар ҳисоботро барои баррасӣ дар ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии коронавирус дар Русия омода мекунанд. 

Талаботи асосии Русия риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ мебошад. 

Аллакай маълум шудааст, ки мутахассисони Роспотребнадзор охири ҳафтаи ҷорӣ ба Тоҷикистон хоҳанд омад.

Ширин Амонзода посух дод, ки кай марзи байни Русия ва Тоҷикистон кушода мешавад

Лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон ба муҳокимаи кушод пешниҳод карда шуд

Мо дар Telegram