Шиносоии Роспотребнадзор бо муассисаи тиббии Тоҷикистон

3 нафар намояндагони Роспотребнадзор, ки дар Тоҷикистон барои татқиқот қарор доранд, дирӯз, 16 март, бо муассисаи  “Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ”-и Вазорати тандурустӣ дидан намуданд. 

Ба ғайр аз ин, бо роҳбарони озмоишгоҳ низ мулоқот намуда, мубодилаи афкор ва таҷриба гузаронида шуд.

Аз ин сафар мутахассисони ҳар ду кишвар барои худ дар фаъолияти касбӣ маълумоти ғаниро мегиранд.

Ёдовар менамоем, ки сафари гурӯҳи кории Роспотребнадзор ба Тоҷикистон тибқи қарори 17 Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ қабул карда шуд. Сафари корӣ то 19 март идома меёбад.

Шиносоии Роспотребнадзор бо муассисаи тиббии Тоҷикистон

Тошканд назоратро аз болои риояи чораҳои карантини пурзӯр намуда, метавонад чорабиниҳои оммавиро манъ кунад

Мо дар Telegram