Шарҳи Директори ширкати «Уральские авиалинии» дар Тоҷикистон оиди чиптаҳо

Директори ширкати “Уральские авиалинии”  Умед Лолаев дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Азия-плюс ба ҳамаи саволҳои доғи рӯз буда посух дод.

Ба саволи оиди парвозҳои мунтазам, директори ширкат гуфт, ки  “Уральские авиалинии” алҳол танҳо парвозҳои чартерӣ анҷом дода истодааст ва баъди барқарор шудани парвозҳо бе асос ба шаҳрвандони Тоҷикистон чипта нафӯрухтааст. 

Зеро, ки тибқи Қарор оиди убур кардани сарҳади ФР, танҳо шаҳрвандоне, ки иқомати  мувақатти дар Россия доранд ва ё сабаби ҷидди ба монанди муолиҷа ё сафари хизматӣ, метавонад бо ширкати “Уральские авиалинии”  ва дигар парвозҳои чартерӣ ворид шаванд.

Инчунин гуфта шуд, ки ширкат ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки чипта дастрас намуданд ба онҳо пулҳояшонро пурра бармегардонад. Инчунин шаҳрвандон метавонанд интизор шаванд ва дар сурати гирифтани иҷозат оиди парвозҳои мунтазам ба онҳо чипта дода мешавад ва маблағи изофа ситонида намешавад.

Парвозҳои мунтазами Тоҷикистон ва Россия аз 1 апрели соли 2021 барқарор шуданд.

Шарҳи Директори ширкати «Уральские авиалинии» дар Тоҷикистон оиди чиптаҳо

Сафорати Русия дар Тоҷикистон қабули мусофиронро ба парвозҳо ба Русия шарҳ дод

Мо дар Telegram