ШАНБЕГӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ № 4

1727Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гушаву канори ҷумҳурӣ мардуми шарифи кишвар дар ободониву созандагӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Зеро Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, қайд карда буданд, ки: “Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кушиш намояд, инчунин ҳар як порҷаи замин самаранок истифода бурда шавад.

Дар гирду атроф ва берун аз бинои факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ замин ва боғҳо мавҷуд мебошад, ки ҳамасола аз тарафи омӯзгорон ва курсантон ин заминҳо киштукор, обёрӣ ва нигоҳубин карда мешаванд. Бо ташаббуси бевоситаи сардори факултети № 4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсет, полковники милитсия Одиназода А.Ш. имсол ҳамаи қитъаҳои заминҳои назди бинои таълимӣ ва бинои хобгоҳ ба кафедра, қисм ва шӯъбачаҳои факултет тақсим ва вобаста карда шуданд. Ҳамчунин шахсони масъул вазифадор карда шуданд, ки қитъаҳои вобасташударо киштукор намоянд.
Бинобар ин имрӯз, санаи 10 апрели соли 2021 дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тозаву озода ва ободу зебо гардонидани ҳудуди факултет, инчунин киштукор намудани заминҳои он, шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд. Кормандони кафедра ва шӯъбачаҳои факултет дар шанбегӣ фаъолона иштирок намуда, ҳудуди факултет ба тартиб ва заминҳо киштукор карда шуданд.
Агар атроф тозаву озода, муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир осуда мегардад. Набототу растаниҳо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Агар мо ҳамчун инсони комил онҳоро хуб парвариш намоем ва аз зебоиҳои он истифода барем, хотирамонро болида мегардонанд.

Муҳаммадиев Н.Б.- муовини сардори факултети

№ 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба қисми таълим, полковники милитсия

Мо дар Telegram