Шаҳром Самиев дар қаҳрамонии Молдова ба дарвозаи «Зимбру» се гол зад

Ҳамлагари дастаи “Динамо-Авто”-и Молдова Шаҳром Самиев, ки дар бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Муғулистон, ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон даъват шудааст, дар бозии даври навбатии қаҳрамонии Молдова ба дарвозаи “Зимбру” се гол зада, он гунае ки дар футбол мегӯянд, хет-трик кард.

Ҳамалагари мунтахаби миллии Тоҷикистон дар даиқаҳои 3-юм, 57-ум ва 72-юми вохӯрӣ ба фатҳ кардани дарвозаи ҳариф муваффақ шуд.

 

Мо дар Telegram