Шаҳринав: Ҳам санҷиш ва ҳам ободонӣ

Шаҳринав: Ҳам санҷиш ва ҳам ободонӣ

13 ноябри соли 2020 дар ноҳияи Шаҳринав бо мақсади баланд бардоштани  савияи донишини ҳайати фармондеҳони ситодии Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав машқи махсуси тактикӣ дар мавзӯъи: «Амали нерўҳои ғайриҳарбӣ ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои вафқулодда ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ 5 адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ, 180 нафар табибон, ҳамшираҳои шавкат ва 80 нафар неруҳои ғайриҳарбӣ ширкат карданд.

Дар ин тамрин неруҳои ғайриҳарбии идора эвакуатсияи коргарону хизматчиён ва беморон, расонидани ёрии аввалинаи тиббӣ, гузаронидани корҳои наҷоту таъхирнопазирро машқ карданд, ҳамчунин як силсила корҳои безараргардонӣ ва ободонӣ гузарониданд. Аз ҷумла, дар масоҳати 1570м2 поккориҳо гузарониданд, обраву обпартоҳои ҳудуди беморхонаро тоза карданд ва зиёда аз 110 бех ниҳолҳои сояафкану  мевадиҳандаро  бо ишқори оҳак сафед карданд.

Сардори бахш,
подполковник.
Камолов Б.

барчасп: 
Мо дар Telegram