Семинари омӯзишӣ дар Вазорати фарҳанг

14.04.219 апрели соли 2021 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо иштироки Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ, Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Мирзоалиев Нуралӣ, Сардори раёсати санъат Саидов Мирзоолим ва сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои фарҳанги ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душнабе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.

Дар семинар мавзӯҳои «Ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳо, ҷамоатҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳову вилоятҳо», Баргузории озмуни «Тоҷикистон Ватани азизи ман», Фаъолият ва тибқи пешниҳод намудани ҳисоботҳои хаттиву омории муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баррасӣ гариданд.

Ҷаласаро Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ ифтитоҳ бахшида, ҳузури якояки роҳбарони раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба шаҳри Душанбе ва ба Вазорати фарҳанг шодбош гуфта, ҳозиринро таъкид намуд, ки дар баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, тибқи нақшаи пешниҳодгардид баргузории чорабиниҳои фарҳангиро дар ҳар як деҳаю маҳалла, шаҳру ноҳия ва вилоят баргузор намоянд.

Сипас, Саидов Мирзоолим Сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг дар суханронии хеш вобаста ба баргузории озмуни навбатии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» дастуру тавсияҳо пешниҳод намуд, аз ҷумла иброз дошт: «Озмуни навбатии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» имсол дар сатҳи баланд баргузор мегардад, зеро имсол 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Низомномаи озмун тартиб дода шудааст, ки тибқи ин Низомнома озмуни имсола на ба тариқи фонограмма, балки ба тариқи зиндасароӣ баргузор хоҳад шуд».

Мирзоалиев Нуралӣ Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оид ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баромад намуда, дар суханронии хеш иброз дошт, ки «Имрӯзҳо дар баробари камбудию норасоиҳо боз пешравиҳо дар самти фарҳанг нисбат ба солҳои пешин ба назар мерасанд, ки хеле хурсандибахш мебошанд. Ҳамаи он озмунҳое, ки ба нақша гирифта шудаанд, дар сатҳи баланд баргузор гардида истодаанд.

Дар фарҷом доир ба мавзӯи семинар аз ҷониби иштирокдорон таклифу пешниҳодҳо сурат гирифт.

Мо дар Telegram