Семинари машваратӣ дар мавзӯи «Усулҳои дурусти истифодабарии компютер»

1676

Рӯзи 30-юми марти соли 2021 дар факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки курсантони курси 1-уми факултети №5 тахасусси бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби кафедраи фанҳои муҳандисӣ – техникӣ факултети №3» семинар машварат дар мавзӯи: «Усулҳои дурусти истифодабарии компютер тибқи нақшаи илмии кафедра гузаронида шуд.
Дар рафти семинар-машварат ходими калони шуъбаи адюнтктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Асламов Бозоралӣ баромад намуда, дар бораи моҳияти тарзи дурусти истифодабарии компютер маърӯза намуд, инчунин иброз намуд, ки инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, низоми бонкӣ-молиявӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, умуман пешрафти давлатро бе истифодаи технологияи коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

1677

Яке аз самтҳои муҳими он ворид намудани технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи глобалии Интернет мебошад, ки дар бораи ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаҳои таъмини амнияти итилоотиро тақозо менамояд. Хатар ва ҳамлаҳои киберӣ мутаассифона боиси хароб гардидани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз кор мондани корхонаю муасиссаҳо, истеҳсолот ва таъмини аҳолӣ бо талаботи рӯзмарра мегардад.

Ҳалимзода Ш.А., сардори кафедраи «ФМТ», факултети №3 Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия

Мо дар Telegram