Се тифли паси дари бастамонда ба модарашон беосеб супурда шуданд

Се тифли паси дари бастамонда ба модарашон беосеб супурда шуданд

Субҳи имрӯз, 5-март дақиқан соати 07:18 як сокини кӯчаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш  аз дарун маҳкам шудаву се тифли ноболиғаш дар хона мондаанд.

Баъди дарёфти хабар  соати 07:20 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса расид ва дари шаҳрвандро бо истифода аз воситаҳои техникӣ боз кард.

Кӯдакони дар хонамонда беосебу саломат ба модарашон супурда шуданд. 

О.Фахриддинзода

Мо дар Telegram