Сарбозон пас аз гузаштани курсҳои касбомӯзӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд

1434

Ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Пешвои миллат Вазорати корҳои дохилӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро дар қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилӣ ташкил кардааст, ки метавонад барои соҳибкасб шудани сарбозон мусоидат намояд. Чунин иқдом ба сарбозон имкон медиҳад, ки онҳо пас аз хондани чунин курсҳо соҳиби ихтисосҳои ошпаз, сартарош, кандакор, устои барқ, устои таъмини муҳаррики нақлиётҳо, дуредгар ва сохтмончӣ гарданд.
Муҳлати таҳсил дар курсҳои омӯзишӣ се моҳ муқаррар гардида, баъди аз худ кардани нозукиҳои касб ба сарбозон шаҳодатнома супорида мешавад.
Рӯзи 14 январи соли 2021 низ дар идомаи ин иқдом дар қисми низомии 3502 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич, муовини фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ полковники хизмати дохилӣ Туразода Нукрӯз ва намояндаи ҶДММ “БДО Академия” маросими супоридани шаҳодатномаҳо доир гардид.
Мавриди қайд аст, ки дар чорабинӣ пас аз гузаштани курсҳои кутоҳмуддат 105 сарбоз соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

1435

Дар фарҷоми маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ сарбозони соҳибкасбгардидаро табрик намуда, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуданд.

Муродалӣ Саидзода, Абдулмуъмин Зайниддинзода

Мо дар Telegram