Санҷиши омодагиҳо ба заминларзаҳои эҳтимолӣ дар Гулистон

Санҷиши омодагиҳо ба заминларзаҳои эҳтимолӣ дар Гулистон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади санҷиши сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда, неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Гулистон машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои  мудофиаи граждании Коллеҷи тиббӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда (заминларза)» ташкил ва гузаронида шуд.
Раванди машқи фармондеҳӣ дар се давра:  хабардоркунӣ ва ҷамъшавӣ, иҷрои корҳои амалии наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, таҳлил ва ҷамъбасти машқ  ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷараёни машқ вазъият, муайян намудани ҳаҷми зарар ва андешидани чораҳо ҷиҳати рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулода комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи муассисаи мазкур, гирд омадани ҳайати роҳбарикунандаи муассиса, ташкили навбатдории шабонарӯзӣ ба иҷро расонида, фаъолияти комиссияи эвакуатсионӣ, звенои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва неруҳои ғайриҳарбӣ дар вазъияти фавқулода санҷида шуд.

Баъд аз ба анҷом расидани корҳои наҷот ва дигар корҳои таъхирнопазир ва командирони неруҳои ғайриҳарбӣ оид ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда гузориш пешниҳод намуданд.

Дар ҷамъбасти машқ сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов баромад намуда, доир ба натиҷаҳои ниҳоӣ суханронӣ кард. Дар анҷом ба иштирокчиёни фаъоли машқ сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.

Ш.Бутаева, Раёсати Суғд

Мо дар Telegram