Санаи аввалин парвоз ба самти Москва-Душанбе-Москва маълум гашт

Тавре хабар медиҳад Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии  «UTair», ҳамчун яке аз ширкатҳои ҳуқуқи парвоз анҷомдиҳи дошта, санаи 2 апрел дар масири Москва-Душанбе-Москва парвоз анҷом медиҳад. 

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon AiR» бошад, дар навбати худ дар хатсайри Душанбе-Москва –Душанбе рӯзи 6 апрел парвоз менамояд. 

Нархи чиптаро 500 доллар барои рафту омад муайян гардидааст.

Шаҳрвандон ба дохили ҳавопаймо дар шароити доштани ташхиси манфӣ оид ба надоштани Коронавирус, натиҷаи РЗП ва ниқоби тиббӣ иҷозат дода мешаванд.

Бояд қайд намоем, ки дар охири ҳафтаи гузашта маълум, гардид, ки Россия павозхоро бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва 4 кишвари дигар оғоз менамояд. Парвозҳо байни Тоҷикистон ва Россия аз 20 марти соли 2020 мувақатан қатъ гардида буданд.

Санаи аввалин парвоз ба самти Москва-Душанбе-Москва маълум гашт

Кадом ширкатҳо парвозҳои Русия ва Тоҷикистонро анҷом медиҳанд?

Мо дар Telegram