Саҳми Сергей Шойгу дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тайи се сол мешавад, ки расман аз соли 2018 шакли дигарро гирифтанд ва санаи 10 март Рӯзи дустии халқҳои тоҷику ӯзбек эълон шудааст. 

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу оиди ин масъала дар мусоҳиба бо Тенгринюс фикри худро баён намуда, қайд кард, ки  дар барқарор намудани муносибатҳои ду кишвар ӯ низ саҳмгузор мебошад.

Тавре вазир мегӯяд, баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ҳангоми фаъолияти касбияш дар солҳои 1993-94 дар рафти  амалҳои сулҳҷӯёна ва расонидани кумаки башардустона ӯ низ бевосита иштирок кардааст. 

Вазир сабаби сард шудани ду ҳамсоякишварро низ гуфт, ки яке аз аввалинаш ин нофаҳмиҳо дар масъалаи тиҷорат ва баъдан сохтмони НОБ-и Роғун мебошад.

Хотиррасон мекунем, ки Сергей Шойгу солҳои дароз дар вазифаҳои гуногуни вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва инчунин дар вазифаи вазири ин ниҳод фаъолият намудааст.

Саҳми Сергей Шойгу дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири Русия дар Тоҷикистон

Мо дар Telegram