Сафири Чин бо муовини аввали Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард

Сафири Чин гуфт, ки  ҳамкориҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин ба марҳилаи нави рушд расидааст.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон,  ин матлаб дар дидори муовини якуми Раиси ин ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Чин дар Тоҷикистон Тзи Шумин зикр шудааст.

Шумин ҳамчунин гуфтааст, ки Раиси ҲХДТ  Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ба муносибати 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин табрик намуда буд.

Вай бо ишора ба сисолагии барқарории муносибатҳои дипломатии Душанбеву Пекин афзудааст, ки ин давра барои ду кишвар самарбахшу ибратомӯз аст ва Пекин эҳсос мекунад, ки Тоҷикистон ба ҳайси шарики стратегӣ ба таври мунтазам аз мавқеъгириҳои Чин дар арсаи байналмилалӣ пуштибонӣ менамояд.

Сафири Чин илова намудааст, ки кишвараш Тоҷикистонро ба ҳайси шарики баробар ва комилҳуқуқ мешиносад ва хостори густариши равобити мутақобилан судманд дар ҳама арсаҳост.

Манбаъ афзудааст, тарафҳо дар ин дидор перомуни ҳамкориҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин, доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва  мавзӯҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ табодули назар кардаанд.

Чин тайи даврони истиқлол тарҳҳои бешумореро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва яке аз сармоягузорони аслии иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳаҷми сармоягузориҳои ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон дар охири соли 2020 ба 3 миллиарду 15 миллион доллари амрикоӣ расида буд.

Сафири Чин бо муовини аввали Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард

Тоҷикистон бо Қатар дар самти мубориза бо маводи нашъадор асноди ҳамкорӣ имзо мекунад

Мо дар Telegram