Сафари Сарвазири Тоҷикистон ба Маскав — натиҷаҳо

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.

Ҳайатҳоро ҳамраиси Комиссия — Сарвазири ҶТ Коҳир Расулзода ва Муовини Сарвазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук сарварӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар мавзӯҳоро муҳокима намуданд.

Ҳайатҳо ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини бефосилаи маҳсулоти Тоҷикистон ба қаламрави Русия чораҳои зарурӣ меандешанд. Ҳайатҳо инчунин дар бораи афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор ба мувофиқа расиданд.

Ҷониби Русия даъват карда шуд, ки дар ташкили корхонаҳои муштарак дар заминаи онҳое, ки аллакай дар Тоҷикистон фаъолият доранд, инчунин дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолона ширкат варзанд.

Бо назардошти беҳбудии вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон, ба ҷониби Русия пешниҳод шуд, ки масъалаи ҳарчи зудтар барқарор намудани ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳоро баррасӣ кунад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории муҳоҷират баррасӣ шуданд. Тадбирҳои ҷониби Русия дар самти фароҳам овардани имтиёзҳо ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳангоми пандемия қайд карда шуданд.

Ҳайати Тоҷикистон масъалаи вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни Тоҷикистонро, ки номуайян боқӣ мондааст, ба миён гузошт. Инчунин, аз Русия хоҳиш карда шуд, ки масъалаи қонунигардонии мақоми шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии вуруд ба қаламрави Русия мамнӯъанд, баррасӣ кунад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор карда шаванд.

Лоиҳаи иштироки муаллимони рус, ки дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дарс медиҳанд, инчунин ба оғози сохтмони панҷ мактаб дар Тоҷикистон бо таълим ба забони русӣ баҳои баланд дода шуд.

Ҷонибҳо ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ диққати махсус доданд ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаҳоро оид ба мубодилаи таҷриба дар соҳаи ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, ташкили фаъолияти гурӯҳҳои муштараки табибон ва омӯзиши онҳо равона кардаанд.

Бо назардошти имкониятҳои бойи табиӣ ва фароғатии Тоҷикистон, масъалаҳои ҷалби сайёҳон аз Русия баррасӣ шуданд.

Ҷониби Русия инчунин ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ изҳори ҳавасмандӣ кард. Қайд карда шуд, ки ширкатҳои IT-и Русия манфиатдоранд, ки бо ҷониби Тоҷикистон робита барқарор кунанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои саноатии Тоҷикистону Русия чораҳои зарурӣ меандешанд ва диққати худро ба таҳияи усулҳои нав равона мекунанд. Пас аз ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ протокол ба имзо расид.

Сафари Сарвазири Тоҷикистон ба Маскав - натиҷаҳо

Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров

Мо дар Telegram