Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух кай сурат мегирад?

Тоҷикистону Қирғизистон имрӯзҳо дар ҷараёни гуфтушунидҳо барои ҳалли масъалаи сарҳад қарор доранд. Дар ин гуфтушунидҳои раисони КДАМ-и ду кишвар вохӯриҳо анҷом дода истодаанд ва дар баробари ин бо мардуми маҳаллӣ низ корҳои фаҳмондадиҳи гузаронда истодаанд. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва инчунин ба ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара барои иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифтанд, хабар медиҳад «Азия-плюс». Аммо, санаи дақиқаш муайян нашудааст.

Хотиррасон мекунем, ки  барои ҳалли масъалаи сарҳад ҷониби Қирғизистон пешниҳод намудаст, ки мубодилаи замин дар ҳаҷми 12 ҳазор гектар аз ҳисоби ноҳияи вилояти Бодканд анҷом диҳанд. Тоҷикистон бошад ҳануз қарори расмии худро набаровардааст.

Шаҳрвандони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ иқдоми «Ворух аз мост ва ба касе намедиҳем»-ро пеша намуда ва бо ин роҳ мавқеи худро инъикос дода истодаанд.

Ҷамоати деҳоти Ворух анклави Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир мебошад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух кай сурат мегирад?

Тоҷикистон ва Афғонистон эъломияи муштаракро имзо карданд – дар он чи гуфта шудааст?

Мо дар Telegram