САДОИ КАРНАЙ — МУЖДА АЗ НАВРӮЗ

17.03.21.1Наврӯз ҷашни бостонӣ, айёми бедоршавии табиату оғози кишту кори баҳорӣ ва умеди инсон ба фардои нек аст. Наврӯз баробарии шабу рӯз, гармии нури хуршеду файз дар хонадон мебошад.

Наврӯз пирӯзии некӣ бар бадӣ, фурӯзон гаштани гулхани меҳр, бахшиши гуноҳҳову фатҳи қуллаи мурод аст.
Халқи тоҷик чанд соли охир, баъди соҳибистиқлол гардидан, Наврӯзи хуҷастапайро дар кишвари зархезу офтобӣ ва ҳамешабаҳору тамаддунофарамон бо шукӯҳу шаҳомати хос, хотирмон ҷашн мегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки ин ҷашни аҷдодиву мардумӣ бо кӯшишу заҳматҳои меҳанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардид ва бисёре аз халқияту миллатҳо аз таъриху пайдоиши он огаҳ шуда, баҳри таҷлил бо мо пайвастанд.
Имрӯз метавон бо ифтихору дили пур қайд кард, ки Наврӯзи бузург ҷашни авлодиву аҷдодии мо – тоҷикон аст.
Таҷлили Наврӯз бо анъанаву расму оин ва фазилатҳои хеш хотирмон буда, аз хурд то бузург ин санаро бо рӯзшуморӣ пазмон мешаванд.
Яке аз анъанаҳои наврӯзӣ ин муждаи баҳорӣ ба дӯстону ҳамдиёрон аст. Субҳи солеҳ афрӯхтани оташу зери садои карнаю сурнай ва табл рақсидану ҳамагонро шодбош гуфтан бо расидани фасли зебои Баҳор, аз фазилатҳои наврӯзист.
Сози нафасии мусиқии миллии тоҷикон – карнай таърихи пайдоиши хешро дошта, дар сарчашмаҳо омадааст:
«Карнай – сози мусиқии аз лӯлаи дарози мисин омодашуда, ки аз ду ё се пайванд иборат аст. Ин асбоб дар даврони қадим василаи пайғому огоҳсозӣ ба шумор мерафт. Имрӯзҳо маъмулан дар маъракаҳои хурсандӣ – тӯйҳо ва ҷашнҳо истифода мешавад.»
Имрӯз тӯю маъракаҳои хурсандӣ, ҷашнҳои миллӣ, пешвозу гусели меҳмононро бе садои карнай тасаввур кардан ғайриимкон аст. Садои он шахсро ба ваҷд оварда, дар вуҷуди кас хурсандиву шавқро бедор ва рӯҳро болида мегардонад. Овозаш аз дуриҳо ба гӯш расида, мужда аз хурсандиву нишот, базму сурур медиҳад. Навозандаҳои асбоби мусиқии карнай низ шахсони ҳунарманду боистеъдод, кушодачеҳра ва шарики шодии мардуманд.
17.03.21Яке аз ин нафарони соҳибистеъдод, устоди ҳунар, карнайнавози машҳур, ки бо маҳорати нотакрораш Тоҷикистонро дар дунё муаррифӣ кардааст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Юлчибой Қодиров мебошанд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба идораи рӯзнома ташриф оварданд ва бо эшон суҳбате доир намудем.

— Меҳри навохтани карнай дар Шумо кай пайдо шуд ва сабаб?

— Бузургонамон хеле ба маврид гуфтаанд:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Меҳри навохтани карнай овони мактабхонӣ дар дилам ҷой гирифта буд, зеро ҳангоми ба ҳавлии тағоям, ки карнайнавози машҳур буданд, рафтан бо ҳавас ба машқу навохтанашон менигаристам ва пеши худ мақсад гузоштам, навозанда шавам. Устоди аввалинам тағоям буданд, ки барои соҳибкасб гардидани мани деҳқонзода сабаб шуданд.
Бори аввал соли 1964 карнайро ба даст гирифта, машқро оғоз ва соли 1970 мустақилона дар озмуни эҷодиёти халқ «Бӯстон» ширкат ва ҳунарнамоӣ кардам.
Солҳои 1974-76 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизматро ба ҷо оварда, пасон ҳунари хешро сайқал дода, то ба зинаи устодӣ расидам.
Асосан, ҳунару маҳорат ва касби мо аҷдодӣ буда, аз насл ба насл гузашта, имрӯзҳо насли панҷуми карнайнавозони авлоди мо ба шодиву сурури мардум шарик ва маъракаороӣ мекунанд.
Ҳамзамон барои тарғибу ташвиқ ва муаррифии санъати миллии миллати тоҷик ба ҷаҳониён камари ҳиммат бастаам.

— Дар мавриди сафарҳои ҳунарӣ ба хориҷ аз кишвар ва истиқболи мардум мегуфтед.

-Аввалин сафари ҳунарӣ соли 2006 ба давлати Ҳиндустон ҳамроҳ бо ансамбли «Рухшона» -и коргоҳи сементбарории шаҳри Душанбе буд. Дар ин сафар ҳунармандони маъруф Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Парда Қосимов, Саттор Фозилов ва дигарон низ буданд. Мардуми ин кишвари афсонавӣ ба санъати тоҷикон қоил гардида, аз тамошо ба ваҷд меомаданд. Сафар ва ҳунарнамоӣ ба Кореяи Ҷанубӣ шаҳри Ёсун (соли 2012) низ хотирмон буд. Муаррифии санъати нотакрори мардуми тоҷик вазифаи ҳар як ҳунарманд буда, ифтихор аз Ватану миллати куҳанбунёдамон шарафи мо – санъаткорон мебошад.
Дар озмуни Ҷумҳурии Олмон, ки намояндагони зиёда аз 105 давлат ҳунарнамоӣ карданд, ҳамчунин давлати Умон, шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон – Озмуни «Талант-шоу» ширкат варзидам. Даври аввали ин озмун дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва банда то даври нимфиналӣ ҳунару маҳорати хешро пешкаши ҳаводорон намудам.
Дар баробари ин, дар аксарият чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷашну консертҳои цдохили кишвар низ иштирок доштам. Ҷашни бузурги миллии 1100-солагии давлати Сомониён, консерт ба шарафи меҳмонони ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ба истифода додани роҳи оҳан ва кӯпрук байни Тоҷикистону Афғонистон, ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и Роғун ва ҷашнҳои Наврӯз, ки ҳамасола даъват мешавем.

— Карнайро аз куҷо харидорӣ мекунед ё нафаре барои Шумо омода мекунад?

-Карнай мисли дигар созҳои мусиқӣ нозук ва сохтанаш заҳматталаб, асосан дастӣ омода мешавад. Солҳои пеш барои мо усто — бобои Мансур месохтанд, баъдан фарзанди он кас Мирзо Тоҳир ин касбро давом дода истодаанд. Асосан пайдоиш ва баромади сози карнай шаҳри қадимаи ҳунармандон – Истаравшан буда, карнайсозон низ дар ин диёр маскунанд. Карнайро дар давлати ҳамсоя – Ӯзбекистон низ омода мекунанд, аммо карнайи сохтаи истаравшаниҳо – бомкарнай, азони ҳамсоякишвар – зилчакарнай аст. Садои бомкарнай ҳангоми навохтан то дуриҳои 5-6 км меравад, барои зилчакарнай бошад, дастгоҳи тақвияти овоз (микрофон) зарур мешавад. Карнайсозӣ мисли ҳунари заргарист, аз метал бо машаққат муъҷиза бояд офарид…

-Акои Юлчибой, шогирдони мисли худ доред?

-Бале, чуноне мегӯянд, аз устоди хуб шогирди боистеъдод тарбия меёбад. Ёд дорам, ҳангоми ба истифода додани Ағбаи Анзоб, марди ҷонфидои миллат, фарҳангиву дилсӯзу ғамхори аҳли ҳунар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман дастур дода буданд: «Юлчибой, ҳунаратонро сайқал диҳед, шогирдон тарбия намоед!»
Шогирдонам бисёранд, ки имрӯзҳо худ низ устод шуда, дар маъракаву тӯйу хурсандии мардум шариканд, яке аз шогирдон Абдурасул (руҳаш шод бод) гурӯҳи навозандагони худро бо номи «Меҳтариён» ташкил карда буд. Аксарият тарбиятгирандагони омӯзишгоҳи №5 дастпарварони мананд. Имрӯз фарзандону набераҳо Нуриддин, Садриддин, Фирдавс, Рамазон, Фарҳодҷон Қодировҳо ва Роилҷон Рӯзиев низ бо як меҳру шавқи зиёд карнай менавозанд.

— Агар иштибоҳ накунам, аз нозукиҳои ҳунари чашм-бандӣ ҳам огоҳ ҳастед?

-Ишораатонро фаҳмидам (механдад). Бале, дар як вақт чанд косаро сари ангуштону чӯбча ва лаб чарх занонда, ҳамзамон навохтани карнайу дойра ба ҳар кас муяссар намешавад, гӯиё ба назар чашмбандист. Не, ин маҳорат, истеъдод, заҳмат ва меҳнати шабонарӯзист. То ба ин ҳунар даст ёфтан хеле тамрин кардам, чандин косаву пиёларо ҳам шикастаам.

-Оё усули навохтани карнай мисли дигар созҳои нафасӣ нота дорад?

-Навохтани карнай нота надорад. Агар пардаи сози карнай сӯрохӣ медошт, ба нота медаромад. Ба ин сози мусиқӣ тавассути забон, лаб ва ҷоғҳо овоз дода мешавад. Карнайе, ки бо кунҷи лаб навохта мешавад, овози хуб дорад, агар онро дар байни даҳон нигоҳ дорӣ, садои гӯшхарош мебарорад. Аксарият карнайнавозон худомӯзанд, бинобар он оҳангро нигоҳ дошта наметавонанд.

-Навохтани карнай, ки нафаси чуқурро талаб мекунад, ба саломатии инсон таъсир мерасонад?

-Агар кӯдакон (8-10 сола) машқи навохтан кунанд, кори гурда халалдор мешавад. Ҷавонони пурқуввати солими 17-18 сола, ки бо як нафас пуфакро дам карда тавонанд, навозандаи хуб мешаванд. Зикр кардан бамаврид аст, ки карнайнавозҳо ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор намешаванд, чунки машқи доимӣ роҳҳои нафасро васеъ месозад.

-Оё дар ҷумҳурӣ мактаби махсуси карнайнавозӣ мавҷуд аст?

-Мутаассифона, дар ҷум-ҳурӣ чунин мактаб вуҷуд надорад. Машқу омӯзиши он асосан инфиродӣ буда, дар Донишкадаи давлатии фар-ҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Филармонияи бачагонаи То-ҷикистон низ ба роҳ монда шудааст, вале таваҷҷуҳ ба ин ҳунар сатҳӣ аст. Масъулонро зарур аст, сари ин масъала ҷиддитар андеша намоянд, зеро омӯхтан, ривоҷ додан ва ташкили дастаҳои ҳунарӣ барои аз байн нарафтани ин ҳунари асили мардуми тоҷик кӯмак хоҳад кард.

-Таманниёти наврӯзии Шумо ба мардуми кишвар?

Наврӯзи оламафрӯз ҷашни аҷдодии мо — миллати тоҷик аст. Мо ифтихор аз он дорем, ки олам бо ин ҷашни бузург моро мешиносад.
Аз нақлу ривояти бузургон шунида будем, ки айёми баробарии шабу рӯз, яъне Наврӯз субҳ сокинони шаҳрҳои бостониву ҳунармандӣ болои талу теппаҳо баромада, карнай менавохтанд. Мардуми навоҳии гирду атроф бо шунидани овоз ба ҳамдигар мужда дода, бо расидани фасли баҳору Наврӯз табрик менамуданд. Пас, ҳамагон ба Наврӯзгоҳ ҷамъ шуда, тантанаҳои наврӯзӣ меоростанд. Аз ҳамон замон инҷониб садои карнай мужда аз баҳору файзу тӯю шодӣ ва фоли нек аст. Дар хонадони мардуми тоҷик ҳамеша тӯй бошад!

Садои карнай имрӯз,
Мужда диҳад зи Наврӯз.

«Баҳори Аҷам»

Мо дар Telegram