«Сад ранги чакан». Таҳти чунин унвон то охири моҳи март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш доир мегардад

«Сад ранги чакан». Таҳти чунин унвон то охири моҳи март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш доир мегардадАз 16 то 31 марти соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Наврӯзи байналмилаӣ таҳти унвони «Сад ранги чакан» намоиш баргузор мегардад.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод, намоиши мазкур 16 март бо иштироки  директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилҷон Шарифзода ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ифтитоҳ гардид.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки «ҳадаф аз баргузории намоиши мазкур – ин баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ва ба наслҳои оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ мебошад».

Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон  «Сертификат»-и аслеро, ки ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) шомил гардидани «Чакан»-ро тасдиқ мекунад, баҳри нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода супорид.

Намоиши мазкур дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир карда шуд. Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин намунаҳои ин ҳунари мардуми тоҷик, аз қабили куртаҳои чакан, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рукӯрпагӣ, рӯгаҳворагӣ, рӯйҷо, чойгир, салла (дастор) ва дигар намудҳо ба маъраз гузошта шудаанд, ки чеварони тоҷик ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзии хешро асосан дар ҳамин намуди ашёи чаканӣ хуб нишон додаанд.

Инчунин дар намоиш маснуоти ороишии занона, ба монанди ангуштарин, дастпона, гӯшвор, гарданбанд, тоҷ, миёнбанд ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд, ки занон дар баробари куртаи чакан ин ороишотро низ барои зебу зиннати худ истифода мебурданд.

Дар доираи ин намоиш маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ, ба монанди чакан, атлас ва адрас аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

«АМИТ Ховар»

Мо дар Telegram