S7 барои анҷом додани парвозҳоро ба самти Иркутск-Кулоб-Иркутск иҷозатнома гирифт

Оҷонсии Федералии нақлиёти ҳавоии Русия хабар медиҳад, ки Росавиатсия боз ба як ширкат иҷозати анҷоми парвозҳоро додааст. Ин ширкат S7 Airlines мебошад, ки ба самти Иркутск-Кулоб-Иркутск парвозҳоро дар оянда анҷом хоҳад дод.

Аммо, санаи аввалин парвозҳо миёни шаҳрҳо маълум нест.

Ба ғайр аз Тоҷикистон боз ба фурудгоҳи Иркутск иҷозати барқарор намудани парвозҳо бо Узбекистон ва Ветнам дода шудааст.

Баровардани ин иҷозат асос ё қарори барқарор кардани парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалие набошад.

Тоҷикистон бо Русия аз 1 апрели соли равон парвозҳои мунтазамро барқарор намудааст. Парвозҳо ҳафтае як маротиба ба ширкатҳои «СомонЭйр» ва «ЮтЭйр» анҷом медиҳанд.

Мо дар Telegram