Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар мактаби № 6 шаҳри Душанбе

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар мактаби № 6 шаҳри Душанбе

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 декабри соли 2020 “Дар бораи тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 «Рўзи мудофиаи гражданӣ»- и намунавӣ гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ 450-нафар хонандагон ва 20- нафар омўзгорони муассисаи номбурда, муовини Раиси ноҳияи И.Сомонӣ, мудири шуъбаи маориф, 20-нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 16- нафар намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар  шаҳри Душанбе, 5- нафар воҳиди хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 4-нафар аз пажуҳишгоҳи Акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон,  3-нафар аз хадамоти энергетикии ноҳия, 3-нафар  аз хадамоти ҳифзи тартиботи ҷаъмиятии ноҳия ва 3-нафар намояндагон аз хадамоти тиббии ноҳия иштирок доштанд.

Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин озмуни расмҳои беҳтарин дар мавзўи пешгирии ҳолатҳои фавқулода; дарсҳои кушод бо хонандагони синфҳои дуюм ва шашум; викторинаи тиббӣ дар мавзўи «Тартиби расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба маҷрӯҳон»; эвакуатсияи хонандагон аз бинои дар ҳолати садамавӣ қарордошта ба мавзеъҳои бехавф; амали неруҳои ғайриҳарбии муассиса ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи 6-7 балла ва ғайра гузаронида шуд.

О. Фахриддинзода

Мо дар Telegram