Русия, Ӯзбекистон ва ИДМ ба таҷлили Навруз ба Душанбе меоянд

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар соли 2021 пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудааст ва бахшида ба ин Ҳукумати шаҳр тасмим гирифтааст, ки санаи 22 март Дуюмин форуми “Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” гузаронад, хабар медиҳад Ҳукумати шаҳр.

Барои иштирок дар форум намояндагиҳои ташкилоту давлатҳои хориҷӣ даъват карда шудаанд ва то имрӯз ҷониби Ӯзбекистон, Русия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ розигии худро барои иштирок додаанд.

Хароҷотҳо барои ин чорабинӣ 428 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд ва қарори марбут ба гузаронидани ин ҷорабинӣ аз тарафи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ имзо шудааст.

Мо дар Telegram