Русия боз як ваксинаи дигар бар зидди Covid-19 ихтироъ кард

Русия аввалин кишваре мебошад, ки дар давраи авҷгирии пандемияи коронавирус ваксина бар зидди Covid-19 ихтироъ намуд ва Созмони умумиҷаҳонии Тандурустӣ сабт кард. Имрӯз бошад Михаил Мишустин хабар дод, ки сеюмин ваксинаи ватанӣ “КовиВак” ихтироъ шуд.

Гуфта мешавад, ки ин дору аз ҳамаи санҷишҳои зарурӣ гузашта самаранокии худро исбот намуд.

Ду ваксинаи аввали Россия Спутник-V дар маркази (Гамалея) ва «EpiVacCorona» дар маркази “Вектор”-и Роспотребнадзор дар соли 2020 кашв шуда буданд.

Тоҷикистон нақша дорад барои эмгузаронӣ аз навъи Спутник-V  харидорӣ менамояд.
Инчунин, бояд қайд кунем, ки баъд аз сафари кории сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия барои иштирок дар кори Комиссия байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, оиди фиристодани мутахассисони Роспотребнадзор ба Тоҷикистон барои санҷидани вазъи сироятшавӣ қарор карда шуд.

Мо дар Telegram