Русия ба сохтмони Роғун ҳамроҳ мешавад

Ширкатҳои гуногун дар сохтмони Роғун иштирок намуда истодаанд ва яке аз чунин ширкатҳо Salini мебошад. Аз ин лиҳоз ширкати «Силовые машины»-и Русия низ мехоҳад саҳмгузор бошад, хабар дод намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе Евгений Коренков дар мусоҳиба бо РИА Новости.

Ширкати мазкур қудрати насб ва васлкунии таҷҳизот барои агрегатҳо, турбинаҳо ва генераторҳоро дорад ва дар ҳолати таъмини маблағгузорӣ омодааст бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Инчунин ширкатҳои Русия дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони нав ва таҷдиди нерӯгоҳҳои обии мавҷуда дар Тоҷикистон ширкат меварзанд ва ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт манфиатдораст.

Мо дар Telegram