Русия боз ба Тоҷикистон ваксина мефиристад

Дар пойгоҳи ҳарбии 201-уми дар Тоҷикистон мустақар шуда даври аввали эмгузаронии хизматчиёни ҳарбӣ, табибони беморхонаи 451рамках ба анҷом расид. 

Ҳоло бошад, генерал-полковник Александр Лапин фармондеҳи округи марказӣ хабар дод, ки боз 1000 воя ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Тавре Лапин дар вохурӣ бо низомиён гуфт, ин доруҳо то охири моҳи феврал фиристода мешавад. Дар даври дуюм низ низомиён бо аъзои оилаҳояшон эмгузаронида мешаванд. Инчунин гуфта шудааст, ки эмгузаронӣ ба таври ихтиёрӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон бошад, аз аввали моҳи январ ҳолатҳои сироятшавӣ коҳиш ёфта, баъдан то имрӯз умуман ба қайд гирифта нашудааст.

Русия боз ба Тоҷикистон ваксина мефиристад

Ваксинаи “Спутник V” дар Эрон низ сабт гардид

Мо дар Telegram