Русия бо ду кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард

Бинобар беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, ҳукумат қарор қабул кард, ки боз бо ду кишвари дигар парвозҳои мунтазамро барқарор кунад.

Акнун дар баробари кишварҳои Беларус, Миср, Қазоқистон, Куба, Қирғизистон, АМА, Сербия, Туркия, Танзания, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра боз бо Арманистон ва Озарбойҷон низ аз 15 феврал парвозҳои мунтазам оғоз мегарданд.

Тоҷикистон, ки аввалин шуда дар миёни кишварҳои ИДМ аз нест шудани коронавирус дар кишвар эълон кард, ҳанӯз масъалаҳои парвозҳоро бо Русия барраси накардааст.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта баъд аз муддати тулони як гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба шаҳри Иркутск барои кор сафар карданд.

Русия бо ду кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард

Донишгоҳҳои Русия аз 8 феврал ба таҳсили рӯзона бармегарданд

Мо дар Telegram